Рафиқе аз курсии мансаб афтод. 25 сол дар курсии мансаб буд. Муддати ёздаҳ соли охир ба ман занг ҳам намезад. Гоҳе ошною бегона ҳадс аз мағрурии вай мезаданд. Маънидор ба ман менигаристанд. Медонистанд, ки замоне рафиқони наздик будем. Мавзӯйи сӯҳбатро дигар сӯй мекашидам. Фақат як чиро медонистам, ки рӯзе ин дӯст ба суроғи ман меояд.
Хато накунам, рӯзи чоруми бемансабиаш буд. Ҳанӯз ман аз ҷойгаҳи хоб барнахоста, занг зад. Бори аввал ба рақами ноошно як нигаристаму дубора сар ба болин гузоштам. Дуюм, сеюм бор… беист занг мезад. Бардоштам.
– Эй мардаки хуб, ҳоло ҳам хобӣ?
Намедонам, дигарон эҳсос карда буданд, ё не, аммо вайро аз овозаш шинохтам. Хандидаму посух додам:
– Ин Шумо, ки соати шаши субҳ мехезед. Мо, ки хӯҷаини вақти хеш ҳастем, кадом вақте аз хоб сер кунем, баъд чашм мекушоем. Тинҷӣ буд? Ба бемансабӣ одат карда истодаӣ?
– Напурс! Душвор будааст. Мешунидам, ки баъзе авқот дар ҷое мегуфтӣ, ки “курсии мансаби ту муваққатӣ аст. Ин қалами дасти ман аст, ки ҳиҷ кас наметавонад аз дастам гирад”. Ҳеҳ дашномат мекардамее… одам нашуд, ки нашуд, мегуфтам. Аммо ҳамин субҳ дарёфтам, ки рост мегуфтаӣ. Медонӣ чӣ шуд? Кори ман не, кори келинам ба духтурхона афтод. Афтоду дасташро шикаст. Аввал чун одати ҳамеша ба вазир занг заданӣ будам. Ёдам расид, ки дар сафари хориҷа аст. Набардошт. Ба муовин занг задам. “Дар ҷаласаам” – гуфту тилфонашро хомӯш кард. Ҳардуи онҳоро ман соҳибмансаб карда будам. Ноилоҷ сардори раёсатро кофтам. Вай ҳам дар кадом ҷаласае будааст. Пештар ин ҳолат набуд. Фарқ надошт, ки дар кадом ҷаласаанд, ҳатман гӯширо мебардоштанд. Ҳоло ки хуб медонанд бемансабам…- овози ҳамсӯҳбатам ларзид. – Намедонам чӣ кор кунам… Ба ҳар шахси дигар занг заданро барои худ таҳқир меҳисобам.
-Фалониро ёд дорӣ? Замоне ки донишҷӯ будӣ ва баъди он ки пойатро дар бозии футбол шикаста будӣ, наздаш рафта будем?
-Ҳааа… ёд дорам. Ҳоло барҳаёт бошад? Ростӣ замони сари мансаб будан, чанд бор хостам то кӯмакаш кунам, вале чӣ хеле ки фаромӯш кардам…
-Он духтур на пул мегираду на пул медиҳад, барои ҳамин фаромӯш кардӣ-хандидам ман. Ба маҳаллаи мо, дар назди таваллудхонаи рақами се баъди ним соат бо бемор ҳозир шав, наздаш меравем.
Дӯстам бо вуҷуди бемансабӣ пиҷаку галстук ба гардан дошт. Фақат чашмони сурхшудааш гувоҳи бемансабиаш буданд. Маро диду баъди сарому алайк ба шикоят шурӯъ кард.
-Медонӣ, бемансаб бошӣ барои ҳич кас қадди ҷав қадр надоштаӣ. На ба тилфонат ҷавоб медиҳанд, на мепурсанд. Ҳол он ки нисфи онҳоро ман соҳибмансаб карда будам. Ҳатто аз панҷ ҳамсабақамони мансабдорам, ки рақами тилфонашонро доштам, ягон кас гӯширо набардошт. Онҳо ҳам медонанд, ки дигар мансаб надорам ва дар ҷавоб додан, истиҳола мекунанд. Хайрият, рақами туро аз ҳамон собиқ вазире, ки боре дар бораат маълумот пурсида буд,гирифтаю дар куҷое навишта будаам.
-Ва то тавонистӣ маро ба он вазир сиёҳ кардӣ-хандидам ман, – Инро ман медонам. Бо он вазири ҳоло бознишаста, боре дар чойхонае вохӯрдем. Ҳамаро қисса карду узр пурсид. Аммо “мушти пас аз ҷангро ба сари худ бояд зад”.
Духтур моро бенавбат қабул кард. Аз дигар мизоҷонаш узр пурсиду ним соат вақт пурсид. Дасти келин баромада будааст. Баъди ним соат мо аз дар берун шудему дӯстам хост як сад доллараро ба табиб диҳад. Табиб табассуме карду дасташро нигаҳ дошт:
-Айба намедонед? Дуюм бор ба ман муроҷиат кардед. Ҳиҷ гапе нест. “Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад”.
-Як бор пеш аз гирифтани мансаб, як бори дигар баъди тарки мансаб – ханда задам ман.