Муддате мешавад, ки ҳарфе нанавиштааму кайҳо боз дарди дил ҳам накардаам. Бо нияти дарди дил кардан, ба сари миз нишастам, вале андешае, ки чанд муддат аст дар сарам чарх мезанад, нагузошт то номаамро аз ҳасрати хеш оғоз кунам.

Мушкил инҷост ки аслан барои ман синну соли ҳамнишин фарқ надорад. Рӯзгоре бо мӯйсафедон нишастану сӯҳбат карданро дӯст медоштам, зеро ҳамеша мекӯшам то панде, андешае аз онҳо бигирам. Замоне ба хотири аз ҷавонони ҳушманд чизе гирифтану навгониҳои соҳаро донистан, бо онҳо ҳам рӯзро кӯр мекардам.

Ва ниҳоят, рӯзгоре расидааст, ки бештар ин фарқи синну солро ба назар нагирифта, бо ҳар кадоме андешае дораду бароям ҷолиб аст, рӯз кӯр мекунам. Бо назардошти ин гуфтаҳо донишманди ҷавон Одили Нозир муддатест андешаҳои ҷолибашро дар сӯҳбатҳои хос ба ман қисса мекунад. Аз хотираҳои аҷиби бузургон, аз ногуфтаҳои эшон.

Дар як нишаст вақте аз ину он шахсиятҳо ёдовар шуд, ман ҳам қафо намонда, аз замони ҳамнишинӣ бо эшон қисса кардам. Бодиққат нақли маро гӯш доду пасон хоҳиш кард то ин ҳамаро нависам. Яъне, хотираҳои аз сар гузаронидаамро. Аввал хандидаму гуфтам, ки ҳоло то замони хотиранависӣ барои ман роҳи дароз аст ва агар замоне расад, менависам. Вале…

Баъдтар ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ  кардаму ҳис кардам, ки дигар рӯшанфикрони ҷомеа пурра ба… хотиранависӣ гузаштаанд. Яъне дигар мушкили ҳаррӯзаи ҷомеа, авзои сиёсии ҷаҳон, гирифтории иқтисодӣ, вазъ ва ҳоли муҳоҷири тоҷик ба коми хотираҳо рафтаю дигар ҳамагӣ дар мавриди рӯзгори пушти сар кардаашон менависанд.

Хотира аз замони тифлию ҷавонӣ, хотира аз нақши падару модар, хотира аз ҳамнишинӣ бо бузургон, хотира аз замони тиллоии умрашон дар солҳои Шӯравӣ, хотира аз ҳодисоти на он қадар маълуми он солҳо…

Хуллас, аз ҳама чиз, вале фақат дар гузаштаҳои дур…

Бадбахтона, дарк кардам, ки ин хотиранависҳои бешумор аслан дар навиштаҳояшон аз оянда ҳарфе намегӯянд, ҳамеша он рӯзро бо имрӯз қиёс карда, ҳатман ҳасрати он рӯзро мехӯранд ва дар бораи имрӯз ё тақрибан чизе наменависанд ё дар он порае, ки ба имрӯз бахшида мешавад, сарсарӣ мегузаранд.

Чанд пурсиш пешам пайдо шуд, ки мехоҳам посухи онро аз Шумо пурсам:

  1. Оё хотиранависҳои имрӯза ҳамагӣ пессимист шудаанд?
  2. Оё хотира ин фақат қиёси дирӯзу имрӯз аст?
  3. Худи хотира аз назари Шумо чист?
  4. Агар мурод аз хотираи ҳамнишинӣ бо аҳли назар бошад, чаро онро якҷониба менависанд? Яъне, аз хубиҳои қаҳрамон мегӯянду аз бадиҳояш чашм мепӯшанд? Ё шояд аз рӯйи масали “ иззои бандаи мӯъмин ҳаром” ё “аз рафтагон фақат некашонро бигӯю бадашонро фаромӯш кун” амал мекунанд?
  5. Ва аз ҳама асосӣ: Эшон дар навиштани хотира аз хотири хеш то чанд сатҳ дуруғ мегуянд, зеро дигар шоҳиде надоранду агар қаҳрамони асосӣ дар ин дунё набошад, ҳарчи дилашон хоҳад, менависанд…

Сарам дард кард ва посухи ин ҳама суолҳоро ба Шумо месупорам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь