Ҷанг шармандатарин бадӣ аст, ки аз зиштиҳои инсонӣ, тамаъ, нафси қудрат, бухлу кина сарчашма мегирад.

…Фақат мардуми одӣ ҷабр мебинанд, вале оташафрӯзон пулу захираҳоро тақсим мекунанд

(Толстой)

Ҳуҷуми номардонаи девонаавзоъ Нетаняҳу, сарвазири Исроил ба хоки Эрони бостон 12 рӯз давом кард.

12 рӯз  нишон дод, ки арзишҳои инсоние,ки Ғарб дастак мекард ба мисоли “демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд” фақат барои мардумфиребӣ ба кор меоянд, дурӯғин ҳастанд. Ин ҷанг нишон дод, ки сухану амал дар ин боб аз замин то осмон фарқ мекунанд.

12 рӯз нишон дод, ки имрӯз ин ибораҳои зебо дар асл фақат ба маънои истеҳзо, ба писханди “бой” ба “камбағал” шабеҳ ҳастанду бас!

12 рӯз нишон дод, ки куштори олимон якҷо бо аҳли оилаашон, кӯдакони хурдсолашон, ҳамсояҳояшон, шахсони комилан бегуноҳ пеши ҳукмравоёни давр мисли гӯсфанди қурбоние беш нест

12 рӯз нишон дод, ки “меҳвари бадие” мегуфтанд, дар асл пеш аз ҳар бомбаборони ҷавобӣ аввал сокинони муқимии сарзамини зери ҳуҷумашро огоҳ мекарду баъд зарба мезад. Дар ин баробар, ҷониби дигар ба куштори олимону кӯдакону занон авлавият дода, аз хашинтарин усулҳои фашистӣ истифода мекарданд.

12 рӯз нишон дод, ки аввал шартномаро ваъда кардаю баъдтар метавонӣ хун резӣ. Таърихи Аврупо дар асри бист гувоҳ аст, ки шахсе буд аҳд мекард, шартнома мебаст ва баъд онро вайрон мекард.

12 рӯз нишон дод, ки вақте ваъдаи фикр кардан доданд, оқибаташ фақат бомбаборони гӯшношунид аст.

12 рӯз нишон дод, ки истилои бедалел метавонад ҳатто боиси хашми мардуми бадномшуда дар таърих шавад ва эшонро зидди ҳукуматдоронашон шӯронад.

12 рӯз нишон дод, ки дигар ҳатто ба куштору бомбаборону мушакборони журналистон фақат дар Аврупою Амрико бо амри “хоҷа” – ашон хомӯшӣ ихтиёр мекунанд. Куҷост созмону ташкилоти ҳифзи ҳуқуқи хабарнигорон? Ё хабарнигорони онон думу шох доранду аз Эрону Фаластин не?

12 рӯз нишон дод, ки баъзе аз сафсаттафурӯшони ихтиёри Аврупо карда, байни мафҳуми “давлату ҳукумат” ва миллату ватан фарқ намегузоранд ва аз куштори ҳаммиллату ба хун оғӯшта шудани сарзамини аҷдодӣ табли шодӣ мекӯбанд. Боз ононе шабеҳи Ризо Паҳлавӣ, ки маблағҳои беҳисобро барои сиёҳ кардани миллату ватани хеш сарф мекунанд.

12 рӯз нишон дод, ки ҳанӯз Сухан, Шеър, Мусиқӣ вазни хешро чун яроқи идеологии ҷонибҳои даргир нигаҳ доштаанду дилрастар аз зарбаҳои мушакӣ будаанд.

12 рӯз нишон дод, ки қудратманд будан болотар аз пойбанд будан ба арзишҳои инсонии ҳуқуқии башар будааст…

12 рӯз нишон дод, ки Ваҳдату Ягонагӣ асоси пойдории дилхоҳ давлат новобаста аз сохтори Ҳукумат дар муқобили зӯргуён буду ҳасту мемонад!

Иди Ваҳдат муборак ҳамватан!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь