Пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, ки рӯзи 28-уми феврал оғоз шуд, беш аз дусад шаҳрванди Тоҷикистон барои берун рафтан аз ин кишвар дархост додаанд. Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, рӯзи дуюми март гуфтааст то кунун 15 нафарро ба воситаи Озарбойҷон ба ватан фиристоданд.
“Қисме аз шаҳрвандони мо бо ҳадафи тиҷорат, саёҳат ва табобат дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доранд ва баъди он ки фазо баста шуд, табиист, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд. Яке аз вазифаҳои сафорат дар ин гуна шароит он аст, ки ба муроҷиати шаҳрвандон саривақт посух гӯем ва барои гузаштани онҳо аз марз расмиёти лозимро анҷом диҳем. Мо ин корро карда истодем. То кунун беш аз 200 нафар ба сафорат муроҷиат карданд. Қисме аз онҳо мехоҳанд, аз тариқи Озарбойҷон ба ватан баргарданд. Онҳое, ки дар Хуросони Эрон ҳастанд, мехоҳанд, аз тариқи Туркманистон раванд. Мо рӯйхати заруриро омода кардем ва ба воситаи сафоратҳои Туркманистон ва Озарбойҷон дар Эрон ҳамоҳангиҳоро анҷом додем. Рӯзи гузашта 15 шаҳрванди мо аз гузаргоҳи марзии Озарбойҷону Эрон ба Боку рафтанд. Имрӯз гузаштани тахминан панҷоҳ шаҳрванди мо аз тариқи гузаргоҳи “Сарахс” дар сарҳади Эрону Туркманистон оғоз мешавад. Дар умум беш аз дусад нафар сабтином карданд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамаи онҳо дар фурсатҳои наздик ба ватан баргарданд.”- гуфтааст сафир.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь