“Дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дар доираи Ассамблеяи Генералии СММ форум дар мавзӯи “ҳаракати глобалӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндамонӣ ва кам кардани ранҷу азоби кӯдакони гирифтори саратон ва дигар бемориҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда” бо иштироки занони роҳбарони бисёр кишварҳо баргузор шуд. Дар чорабинӣ Бонуи аввали Ӯзбекистон Зироат Мирзиеёва раисӣ кард” – хабар медиҳад котиби матбуотии ҳамсари Президент Шерзод Асадов.
Ин форум дар якҷоягӣ бо созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва беморхонаи тадқиқотии кӯдакон St.Jude доир гардид. Гуфта мешавад, ки дар ин вохӯрӣ бонувони аввали давлатҳо, ки қариб ҳамаи қитъаҳои ҷаҳонро намояндагӣ мекарданд, ҳузур доштанд. Аз ҷумла, ҳамсарони Президентҳои Туркия, Озарбойҷон, Ангола, Ветнам, Гватемала, Сербия ва дигар кишварҳо.
Зироат Мирзиеева ба ҳайси раиси Форум аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои беҳтар кардани вазъи кӯдакони гирифтори бемориҳои саратон чораҳо андешанд.

Зироат Мирзиёева дар Ню-Йорк
Блоки рекламавӣ


