Рӯзи 19-уми январ заминларза шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро такон дод.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳо, заминларза соати 11:21 рух дода, марказаш дар ҳудуди Покистон буд.
Манбаъ мегӯяд, қувваи зилзила дар марказаш 6-7 балл ва дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил кард. Ин заминларза дар Тоҷикистон хисороте дар пай надоштааст.
Як ҳафта пеш ҳам дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон заминларзае бо қувваи 5,1 балл рух дода буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь