Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ба шаҳри Исфара ташриф оварда, бо иштироки вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зафарбек, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода ва дигар масъулони соҳа бо фаъолияти кишоварзон ва ҳолати заминҳои кишт ва боғҳо дар шаҳр шинос шуданд.
Нахуст, дар мавзеҳои Нурафшон ва Моҳпарӣ муовини Сарвазир ва ҳайати ҳамроҳонаш бо ҷараёни бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ шинос гардида, ҷиҳати истифодаи самараноки замин, азхудкунии қитъаҳои бекорхобида ва рушди боғу токпарварӣ ба деҳқонону боғпарварон маслиҳату тавсияҳои муфид доданд.
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони маҳаллӣ Абдуризо Абдуаҳадов ва Сорбон Савридинов тасмим гирифтаанд, ки заминҳои бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, дар масоҳати 600 гектар боғҳои зардолу, сиёҳолу, себ, чормағз, писта, бодом, шафтолу ва ангур бунёд намоянд. Бо ин мақсад хатти об аз масофаи 2,5 километр бо қубурҳои қутрашон 315 мм кашида шудааст. Маҳсулоти боғҳои навбунёд пурра ба содирот равона гардида, ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам баъди коркард ва бастубанд ба кишварҳои хориҷи дуру наздик пешниҳод мешавад. Тибқи иттилои масъулон, бо татбиқи ин тарҳ наздик ба 300 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Дар мавзеи Моҳпарӣ бошад, бо иқдоми соҳибкор Манучеҳр Бобохонов бунёди боғҳои нав бомаром ҷараён дорад.
Соҳибкор бо кандани ду чоҳи амудӣ ва кашидани се хатти оби полезӣ аз масофаи 3 километр дар майдони 44 гектар боғҳои замонавӣ бунёд намудааст, ки ниҳолони шинонидашуда аллакай ба ҳосил даромадаанд. Инчунин дар ҳамин ҳудуд дар масоҳати 43 гектар шинонидани ниҳолҳои зардолу ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмуъ, масоҳати умумии боғҳои меваи ин мавзеъ ба 87 гектар мерасад.
Дар идомаи сафар муовини Сарвазир аз парваришгоҳи ниҳолҳо, ки бо иқдоми Бахши ҳифзи мухити зисти шаҳр дар майдони 1 гектар бунёд карда шудааст, дидан намуд. Дар қитъаи замини мазкур парвариши кӯчати беш аз 11 ҳазор бех нихолхои ороишию сояафкан, ки минбаъд барои сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, кӯчаҳо, мавзеъҳои назди бинои идораю муассисаҳо истифода карда хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ меҳмонон ҳамчунин бо фаъолияти фермаи чорводорӣ дар Кооперативи истеҳсолии “Кишоварзони Навгилем” ва раванди корҳои омодагӣ дар пойгоҳи обкашии “50-солагии Октябр” шинос гардида, ба мутахассисони соҳаи кишоварзии шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Зиёзода, Ҳакимзода ва Давлатзода дар Исфара
Блоки рекламавӣ


