Дар доираи сафари корӣ гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор пойгоҳҳои обкашии шаҳри Конибодом боздид ба амал оварданд.
Ба ҳайати гуруҳ Зиёзода Сулаймон – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбон Ҳакимзода – Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Зафарбек – директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Файзулло Қосимӣ – муовини раиси вилояти Суғд шомил буданд. Зимни боздид меҳмононро раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ҳамроҳӣ намуд.
Масъулин бо ҳолати техникии пойгоҳҳои обкашӣ, ҷараёни фаъолияти онҳо, таъмини об ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ аз наздик шинос шуданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои беҳдошти замин, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва омодагӣ ба мавсими киштукор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми боздид ба масъулони соҳавӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмини устувори заминҳои кишоварзӣ бо об дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Зиёзода, Ҳакимзода, Давлатзода дар Конибодом
Блоки рекламавӣ


