Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодашон гуфт, ки дигар омӯзгорону мураббияҳои муассисаҳои таълимию томактабӣ ба корҳое, ки боиси халалдор гаштани таълиму тарбия мегарданд, аз ҷумла шанбегӣ дар беруни муассисаҳо ва корҳои саҳроӣ ҷалб карда намешаванд.
Ӯ дар идома афзуд, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мо ба тамоми сохторҳо мактуб кардем, ки дигар кормандони соҳаи маорифро ба корҳои саҳроӣ, ки боиси халалдор шудани дарсҳо мешаванд, ҷалб накунанд.
Сардори Раёсати мазкур қайд кард, ки имзо шудани қонуни мазкур аз ҷониби Президенти мамлакат санаи 17-уми декабри соли 2025 нишонаи таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба пешрафти соҳаи маориф, ҳифзи эътибор ва шаъну эътибори омӯзгор мебошад.
Гуфта шуд, ки дар моддаи 3 яке аз муҳимтарин моддаҳои Қонун, таъкид мешавад, ки омӯзгор ба корҳои ғайритаълимӣ ҷалб карда намешавад ва манъи чунин ҷалб дар фаъолияти касбӣ муайян карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь