Тақрибан 280 нафари дигар то ҳол бедарак шудаанд.
Сӯхтори бузурге дар маҷмааи истиқоматии Ванг Фук Корт дар шимоли Ҳонконг 44 нафарро куштааст ва садҳо нафар то ҳол бедараканд. Тибқи иттилои Би-би-сӣ, сӯхтор ҳафт бинои маҷмааро фаро гирифта, беш аз 700 нафар дар хомӯш кардани он иштирок карданд.
Мақомоти Ҳонконг се мардро бо гумон боздошт карданд. Ҳама дар як ширкати сохтмонӣ, ки маҷмааро таъмир мекард, кор мекарданд. Ду нафар аз боздоштшудагон роҳбарони ширкатҳо ва сеюмӣ муҳандиси машваратӣ мебошанд.
Ба гуфтаи пулис, маводе, ки дар беруни биноҳо ёфт шудаанд, ба оташ тобовар набуданд, ки боиси паҳншавии босуръати сӯхтор гардид. Ба гуфтаи Ассошиэйтед Пресс, сӯхтор дар чаҳорчӯбаи берунии яке аз бурҷҳои 32-ошёна сар зада, тавассути чаҳорчӯбаҳои бамбук ва тӯри сохтмон паҳн шуда, сипас, бо шамол ба дигар биноҳо паҳн шудааст.
Як сокини 65-солаи ин маҷмаа гуфт, ки бисёриҳо, аз ҷумла пиронсолон, аз сӯхтор бехабар буданд, зеро тирезаҳои онҳо аз сабаби таъмири фасад баста буданд ва танҳо ҳамсояҳо онҳоро огоҳ карданд, ки аз хона берун шаванд. Сӯхтор ҳангоми таъмир сар зад ва сабаби он ҳанӯз муайян нашудааст.
Ҷон Ли, директори иҷроияи Ҳонконг, хабар дод, ки 279 нафар бедарак шудаанд (баъзеи онҳо баъдтар пайдо шуданд).
“Зиёда аз 900 нафар дар макони муваққатӣ паноҳ бурдаанд”, – афзуд Ли.
Сӯхтор 26 ноябр тақрибан соати 14:50 ба вақти маҳаллӣ сар зад. Оташ зуд биноҳоро фаро гирифт ва ҳарорати баланд, партовҳои афтида ва унсурҳои сохторӣ ба корҳои наҷот халал расонданд. Ин маҷмаа соли 1983 сохта шудааст, ки аз ҳашт блок иборат буда, тақрибан 4600 нафар зиндагӣ мекарданд. Таъмир дар ҳамаи блокҳо анҷом дода шуд ва танҳо яктоаш оташ нагирифтааст, гарчанде ки як алангаи хурде буд, ки онро оташнишонҳо зуд хомӯш карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь