Додгоҳ дар Қирғизистон рӯзноманигори тадқиқотгарро аз зиндон озод кард. Бар асоси қарори додгоҳ, Муҳаббат Тоҷибек, роҳбари гурӯҳи тарҳҳои Temirov LIVE ва “Айт, айт десе” баъди зиёда аз ду сол аз зиндон раҳо мешавад, аммо ҳаққи тарки ҷойи зисташро надорад.
Вакили дифоъ, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ба тарзи онлайнӣ ширкат дошт, гуфт, Муҳаббат Тоҷибек 23-юми март озод шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳам ба озод шудани ӯ розӣ шудааст. Муҳаббат Тоҷибек моҳи январи соли 2024 ҳамроҳи дигар кормандони тарҳҳои таҳқиқотии Temirov LIVE ва “Айт.айт десе” боздошт шуда буд. Моҳи октябри он сол додгоҳ Муҳаббат Тоҷибекро бо гуноҳи “даъват ба беназмиҳои оммавӣ” ба 6 сол зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва ҳомиёни ҳуқуқ иттиҳомро беасос гуфта буданд.
Блоки рекламавӣ



