Президенти Қирғизистон Садир Жапаров фармони сохтмони шаҳраки муосири тиббиро дар Бишкек имзо кард. Он бояд ташкилотҳои бисёрсоҳавии давлатии системаи тандурустиро муттаҳид кунад.
Амри дахлдор дар сомонаи сарвари ҷумҳурӣ 26 август нашр шудааст.Бунёди шаҳраки тиббӣ барои таъмини ҳамаҷониба ва мутамаркази хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани муҳити фарогири ба беморон нигаронидашуда, инчунин бо мақсади навсозии васеъмиқёс ва ҳамгироии инфрасохторҳо дар Қирғизистон шароит ба миён меорад. Сохтмони ин иншоот вазифаи стратегӣ ва афзалиятнок барои татбиқи лоиҳаи миенамӯҳлат ҳисобида мешавад. Сохтмон ва таҷҳизонидани шаҳраки тиббӣ аз ҳисоби хусусигардонии маҷмааҳои амволии ташкилотҳои давлатии тандурустӣ, ки дар Бишкек ҷойгиранд, сурат мегирад. Нақша ҳаст, ки сармоягузорони хусусӣ ва сохторҳои байналмилалӣ лоиҳаро маблағгузорӣ мекунанд. Танҳо дар сурати набудани ин маблағҳо, Ҳукумат аз буҷети ҷумҳуриявӣ пул ҷудо мекунад.



