“Украина низомиёни худро ба кишварҳои Ховари Миёна мефиристад, то ба онҳо дар мубориза бо ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон кумак кунанд” – гуфтааст Президенти Украина Владимир Зеленский.
Пас аз машварат дар бораи вазъи Шарқи Наздик, Зеленский гуфт, ки бо шарикони худ дар Аврупо ва ИМА сӯҳбат кард ва инчунин бо роҳбарони АМА, Қатар, Урдун ва Баҳрайн гуфтушунид намуд.”Ҳамаи онҳо дар назди мушкилоти ҷиддӣ қарор доранд ва дар ин бора ошкоро мегӯянд: паҳбодҳои бесарнишини зарбазани эронӣ ҳамон “Шаҳидон” мебошанд, ки дар тӯли чор сол ба инфрасохтори украинии мо ҳамла мекунанд. Украина метавонад дар ҳифзи ҳаёт ва ба эътидол овардани вазъ кӯмак кунад. Шарикон дар ин бора муроҷиат намуданд”, – илова кард раҳбари Украина. Зеленский ба ҳукумат, фармондеҳии низомӣ ва роҳбарони иктишофиаш супориш додааст, ки” имконоти дастгирӣ ” – ро барои кишварҳои Ховари Миёна пешниҳод кунанд ва ба онҳо кӯмак намоянд”.
Маълум нест, ки оё президенти Украина дар посух аз кишварҳои Шарқи Наздик чизе талабидааст ё не.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь