Зеленский мулоқоти Аляскаро пирӯзии шахсии Путин номид. “Владимир Зеленский дар мулоқот бо рӯзноманигорон мулоқоти президентҳои Русияю ИМА, – Владимир Путин ва Доналд Трампро пирӯзии шахсии раҳбари Руссия номидааст”- хабар додааст хабаргузории AFP.
“Путин дар Амрико бо Трамп вомехӯрад ва ман инро пирӯзии шахсии вай мешуморам”, — овардааст оҷонсӣ сухани Зеленскийро.Президенти Украина мулоқоти мазкурро баромадани Русия аз “изолятсия” номида, сафарҳои мунтазами роҳбарони хориҷиро ба Маскав ва сафарҳои хориҷии Путинро нодида гирифтааст. Зеленский инчунин шикоят кардааст, ки ба шарофати мулоқоти дарпешистода дар Аляска, Руссия гӯие аз таҳримҳои нави Вашингтон канорагирӣ кардааст.
Блоки рекламавӣ