Украина ба Русия пешниҳод кардааст, ки “сулҳи энергетикӣ” – ро ба имзо расонанд Президенти Украина Владимир Зеленский хабар додааст, ки Киев тавассути миёнаравҳои амрикоӣ ба Маскав пешниҳоди даст кашидан аз зарбаҳо ба инфрасохтори энергетикии якдигарро додааст.
“Агар Русия омода бошад, ки зарбаҳоро ба манбаъҳои энергикаи мо қатъ кунад, мо омодаем ба онҳо ҷавоб диҳем. Ва чунин пешниҳоди мо — тавассути амрикоиҳоро ҷониби русия дорад” – гуфт Зеленский дар муроҷиатномае, шашуми апрел сабт шудааст. Вай афзуд, ки Нерӯҳои мусаллаҳи Украина мекӯшанд, ки имкониятҳои Русияро барои ба даст овардани пул аз бӯҳроне, ки дар бахши нафт дар натиҷаи ҷанги ИМА ва Исроил бо Эрон ба вуҷуд омадааст, маҳдуд кунанд. “Ҳар чизе, ки русҳо метавонанд аз нархи нафт ба даст оранд, онро ба ҷанг сарф мекунанд. Ин афзалияти онҳо ҳанӯз тағйир наёфтааст. Аз ин рӯ, ҳар як маҳдудияти мо дар қобилияти содироти нафт дуруст аст” – гуфтааст президенти Украина.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь