Президенти Украина Владимир Зеленский зарурати хотима додан ба низои Русия ва Украинаро эълон кард ва омодагии Киевро барои андешидани чораҳои мушаххас барои ноил шудан ба сулҳи устувор изҳор дошт. Ӯ инро дар канали Telegram-и худ навишт.
Даври дуюми музокироти сеҷониба байни Русия, Украина ва Иёлоти Муттаҳида рӯзҳои 4-5 феврал дар Абу-Забӣ интизор меравад. Инро қаблан котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков эълон карда буд. Ба гуфтаи ӯ, музокирот дар аввал барои 1-уми феврал ба нақша гирифта шуда буд, аммо бинобар зарурати ҳамоҳангсозии иловагии ҷадвали кори ҷонибҳо ба таъхир гузошта шуданд.
Axios хабар дод, ки фиристодаи махсуси президенти ИМА Стивен Виткофф метавонад дар ин мулоқот иштирок кунад. Президенти ИМА Доналд Трамп дар охири моҳи январ борҳо изҳор дошт, ки Маскав ва Киев ба бастани созишномаи сулҳ “хеле наздик” ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь