Зеленский изҳор дошт, ки ба ҳайати украинӣ дар музокироти Женева супориш додааст, ки дар бораи мулоқоташ бо Путин масъала гузоранд.
Владимир Зеленский, изҳор дошт, ки ба намояндагонаш “кундаланг гузоштани масъалаи мулоқоташ бо Путин” – ро гузоранд. Дар ин бора вай дар мусоҳиба бо нашрияи Axios баъди рӯзи аввали мулоқоти сеҷониба дар Женева изҳор доштааст.
Ба ақидаи Зеленский, мулоқоти шахсӣ бо Презиенти Русия беҳтарин роҳи ҳалли масъалаи ҳудудӣ хоҳад буд. “Назорати Донбасс то ҳол яке аз масъалаҳои асосии баҳсбарангез боқӣ мемонад”- қайд кардааст нашрияи Axios. Музокиракунандагони амрикоӣ пешниҳод карданд, ки Украина нерӯҳои низосиашро пурра аз Донбасс берун кунад, то он ба “минтақаи озоди иқтисодӣ” табдил ёбад. Зеленский омода аст, ки хуруҷи нерӯҳоро муҳокима кунад, аммо аз Маскав даъват кард, ки қувваҳои худро ба ҳамон масофае, ки Украина гузашт мекунад, ба қафо барад.
Ба гуфтаи Президенти Украина, дар даври дуюми гуфтушунидҳо намояндагони Русия ваъда доданд, ки бо Маскав машварат мекунанд ва бо мавқеи аниқ дар масъалаи ҳудудӣ бармегарданд.
Зеленский борҳо гуфтааст, ки барои мулоқоти шахсӣ бо Путин дар ҳама гуна ҷои бетараф омода аст. Дар Кремл исрор карданд, ки чунин вохӯрӣ танҳо дар Маскав баргузор шуда метавонад ва изҳор доштанд, ки омода ҳастанд амнияти Зеленскийро таъмин кунанд. Зеленский пешниҳоди омадан ба Маскавро рад кард: “Ман метавонам Путинро ба Киев даъват кунам, бигзор биёяд”, – гуфт ӯ. Ба ин сухангӯи Кремл Дмитрий Песков ҷавоб дод, ки Путин Зеленскийро ба ҳеҷ куҷо даъват накардааст, худи Зеленский дар бораи мулоқот хоҳиш кардааст. Путин ба ӯ ҷавоб дод, ки бале, ман омодаам, аммо танҳо дар Маскав бояд вохӯрем.
Рӯзи аввали мулоқоти сеҷониба дар Женева 17 феврал баргузор шуд, рӯзи дуюм дар Рӯзи 18-ум ба нақша гирифта шудааст. Тавре Axios бо истинод ба манбаъҳояш навиштааст, қисми сиёсии музокирот “ба бунбаст дучор шуд”, гарчанде ки гурӯҳи муҳокимакунандаи масъалаҳои ҳарбӣ “пешрафтро идома дод”. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони нашрия, ин бо мавқеи роҳбари гурӯҳи музокироти Русия Владимир Мединский алоқаманд аст.

Зеленский бо Путин рӯ ба рӯ мешаванд?
Блоки рекламавӣ


