Владимир Зеленский ба Президенти ИМА Доналд Трамп барои ҳалли низоъ дар Украина шарти нав монд. Дар ин бора ӯ дар мусоҳиба бо Sky News чунин изҳор дошт:
“Пеш аз он ки мо ҷангро хотима диҳем, ман мехоҳам, ки ҳама созишномаҳо баста шаванд. Ман мехоҳам… ҳуҷҷате дошта бошед, ки аз ҷониби Амрико ва ҳамаи шарикони аврупоӣ дастгирӣ карда шавад. Ин хеле муҳим аст. Барои ин ба мо мавқеи возеҳи президент Трамп лозим аст” – гуфт ӯ.
Президенти Украина илова кард, ки “ягона роҳи боздоштани амалиёти ҷангӣ ин аст, ки аввал кафолатҳои муайяни амниятӣ амалӣ карда шаванд”.
Дар навбати худ Президенти Руссия Владимир Путин ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи умумии ВЭФ дар моҳи сентябр қайд кард, ки кафолатҳои амниятӣ бояд ҳам ба Киев ва ҳам Ба Маскав дода шаванд. Русия онҳоро пурра иҷро хоҳад кард, аммо то ҳол ҳеҷ кас онро дар сатҳи ҷиддӣ муҳокима накардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь