Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвари Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, ки бо сафар дар ин кишвари ҳамсоя буд, минтақаи муштараки тиҷорати наздисарҳадии “Шават — Дашоғуз” – ро кушоданд. “Маросими ифтитоҳи иншоот пас аз анҷоми гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ баргузор шуд”, – гуфт Хадамоти матбуотии раҳбари Ӯзбекбекистон.
Дар ҳудуди минтақаи наздисарҳадӣ биноҳои маъмурии дирексия, гумрук, карантин, фитосанитарӣ ва ветеринарӣ, павильони савдо, анборҳо, таваққуфгоҳи автомобилӣ, нуқтаи тиббӣ ва меҳмонхона ҷойгир карда шудаанд.
Дар ин ҷо барои хизматрасониҳои давлатӣ бо принсипи ” Равзанаи ягона” шароит фароҳам оварда шудааст. Соҳибкорон ва харидорон метавонанд аз системаҳои интерактивӣ, аз ҷумла системаҳои бонкӣ баҳра баранд. Қайд карда мешавад, ки фаъолияти минтақа ба афзоиши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Вилояти Хоразми Ӯзбекистон ва вилояти Дашоғузи Туркманистон, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 3,5 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, мусоидат хоҳад кард.
Дар гуфтушунидҳо бо иштироки Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов созишномаҳо дар бораи идомаи лоиҳа баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, дар минтақаи дигари наздисарҳадии Алат — Фароб таъсиси минтақаи савдои шабеҳ ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ, ҷонибҳо ба рушди мусбати муносибатҳои иқтисодӣ ишора карданд. Ҳамин тавр, дар солҳои охир гардиши мол ду баробар афзуда, аз 1 миллиард доллар зиёд шуд. Бо вуҷуди ин, тамоми имкониятҳо барои зиед кардани нишондиҳанда то 2 миллиард доллар тавассути васеъ кардани номенклатура ва истифодаи самараноки режими савдои озод мавҷуданд.
Дар нақшаи кооперасияи саноатӣ аҳамияти ҷалби фаъоли тиҷорат ба оғози лоиҳаҳои нав оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти фармасевтӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар молҳо баррасӣ гардиданд,



