Ин мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон ва Осиё аз 17 то 25-уми апрел дар намуди гимнастика ва вазнбардорӣ баргузор мегарданд. Ғолибони он ба Олимпиадаи Токио роҳхат ба даст меоранд.

Дар нишасти муқаддамотии матбуотӣ ноиби раиси Қумитаи олимпии Ӯзбекистон Равшан Ирматов ва ноиби раиси федератсияи вазнбардории Осиё ширкат карданд. Гуфта шуд, ки ин мусобиқаҳо ба иллати дунёгиршавии куруно баъди танаффуси тӯлонӣ роҳандозӣ мешаванд.

– Дар мусобиқаҳои вазнбардорӣ ва гимнастика барои ширкат 32 кишвари дунё муроҷиат кардаанд, – гуфт Равшан Ирматов.

Шоми 17 апрел маросими ифтитоҳи ин мусобиқаҳо баргузор мегардад. Гуфта мешавад, мусобиқаҳои инфиродӣ ва гурӯҳии як гурӯҳи гимнастҳо шуруъ шудаанд.

Ба гуфтаи мутахассисон шаҳри Тошканд боз як идда ситораҳои гимнастикаи мақоми ҷаҳониро истиқбол мегирад. Хоҳарон Дина ва Арина Аверин (Русия), Анастасия Салос (Белорус), Боряна Калайн (Булғористон), Лина Ашрам (Исроил) ва платформаи ин мусобиқаҳо ворид шудаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь