Дар Ӯзбекистон як афсари милиса барои иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии ҳосили гандум, бо силоҳ ба деҳқоне таҳдид кард. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса дар яке аз рустоҳои вилояти Фарғона рух дода, навори лаҳзаи таҳдид дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯр ангехт.
Нерӯҳои амниятӣ бо фармони раҳбари ҳукумати маҳаллӣ шабона ба хонаи деҳқон даромада, ӯро ба он айбдор карданд, ки нақшаи ҷамъоварии ҳосили ғалларо иҷро накардааст.
Баҳс ба ҷанҷол печид ва дар навор дида мешавад, ки яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ соҳибхонаро бо силоҳ таҳдид ва талош мекунад, ки ӯро ба берун барад.
Фарзандони деҳқон илтиҷо мекунанд, ки падари беморашонро набаранд. Ин навор дар шабакаҳо сару садои зиёд пайдо кард.
Корбарони шабакаҳо аз он изҳори ҳайрат кардаанд, ки чаро деҳқонро барои ҷамъоварии ҳосили заҳмати худаш таҳдид мекунанд.
Мақомот то ҳол ба ин ҳодиса вокуниш накардаанд.

Ӯзбекистон: Таҳдиди деҳқон бо силоҳ
Блоки рекламавӣ


