Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон (АФУ) ҷустуҷӯи мутахассиси хориҷиро ба вазифаи сармураббии мунтахаби миллӣ дар остонаи чемпионати ҷаҳон идома медиҳад. Дар ин бора сайти “Фарғона” бо истинод ба манбаъҳо хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони расона, қарор аллакай аз ҷониби мақомоти варзишӣ қабул шуда, буҷаи зарурӣ ҷудо карда шудааст. Аммо дар дохили АФУ дар бораи иваз кардани мураббӣ қарори ягона вуҷуд надорад: сармураббии амалкунанда Тимур Кападзе, ҳамчун мутахассиси маҳаллӣ, дастаро хуб медонад ва метавонад дар мусобиқаи ҷаҳонӣ таҷриба ба даст орад. Инчунин қайд карда шудааст, ки вақти тайёрии мутахассиси хориҷӣ хеле кам боқӣ мондааст. Аз тарафи дигар, аз дастаи мунтахаб натиҷаи мусбат интизоранд ва мураббии баландпояи даъватшуда бояд онро таъмин кунад.
Дар айни замон, ду мутахассис аз роҳбарии даста даст кашиданд. Инҳо олмонӣ Йоахим Лев ва португалӣ Пауло Бенту мебошанд, ки ҳатто барои гуфтушунид ба Тошканд омада буданд. Сабабҳои расмӣ зикр нашудаанд, аммо, тибқи маълумоти “Фарғона”, сухан дар бораи мӯҳлати шартнома меравад: мураббиёни хориҷӣ дар сурати пеш аз мӯҳлат истеъфо додан, ҳамкории дарозмуддат ва ҷубронро талаб мекунанд. Дар Ӯзбекистон ҳанӯз ба чунин шароит на аз ҷиҳати молиявӣ ва на аз ҷиҳати маънавӣ омода нестанд.
Дар байни номзадҳои баррасишаванда, мураббии турк Фотеҳ Терим ва хорват Славен Билич зикр мешаванд, аммо бо онҳо гуфтушунид накардаанд. Бо эҳтимоли зиёд номи сармураббии нав дар давоми як моҳи оянда маълум мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бори аввал дар таърих ба чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт. Ин ба шарофати васеъ кардани формати мусобиқа аз 32 то 48 иштирокчӣ имконпазир шуд. Интихоби даста таҳти роҳбарии словенӣ Сречко Катанец оғоз ефт, ки онро ба даври сеюми интихобӣ баровард. Дар ин марҳила ӯзбекистониҳо дар шаш бозӣ 13 хол ба даст оварданд, Аммо Катанец бо сабаби шиддат гирифтани бемориаш маҷбур шуд, ки вазифаи худро тарк кунад. Ӯро мураббии дастаи мунтахаби олимпӣ Тимур Кападзе иваз кард. Дар зери роҳбарии ӯ, даста чор бозии боқимондаро гузаронида, 8 хол ба даст овард ва ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь