Парлумони Ӯзбекистон қонунеро қабул кардааст, ки мувофиқи он барои ҳар як китоби хондаи маҳбус муҳлати ҷазои ӯ 3 рӯз кӯтоҳ мешавад.
Вакилони Сенати Ӯзбекистон бо қабули як қонун, Кодекси ҷиноиро ислоҳ ва ба он тағйирот ворид карда, чунин имконеро барои зиндониён фароҳам оварданд. Аммо хондани сарсарии китоб кофӣ нест ва зиндонӣ бояд имтиҳон ва нишон бидиҳад, ки онро дуруст хондаву дарк кардааст.
Сабукии муфид барои ҳама маҳбусон пешбинӣ нашудааст ва ин ҳақро танҳо ба зиндониёне додаанд, ки дар ҳукм шарти пеш аз муҳлат озод шуданашон пешбинӣ шудааст. Бар тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар зиндонҳои Ӯзбекистон бештар аз 43 ҳазор зиндонӣ нигаҳ дошта мешаванд ва аз миёни онҳо тақрибан 13,5 ҳазор нафар метавонанд аз ин имконият истифода баранду пештар аз мӯҳлати адои ҷазо ба озодӣ бароянд.
Бар асоси талаботи санади нав, агар зиндоние як китоби воридшуда ба рӯйхати Маркази маънавиёт ва маърифат дар Узбекистонро бихонад ва дар имтиҳон собит кунад, мӯҳлати ҷазояш 3 рӯз коҳиш дода мешавад. Вале агар сад китоб ҳам бихонад, дар як сол муҳлати ҷазояшро фақат 30 рӯз кӯтоҳтар мекунанд. Маҳбусоне, ки бояд муҳлати пурраи ҷазоро адо кунанд, ё ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд



