Шаҳрвандоне, ки дар ташкил ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар Ӯзбекистон иштирок мекунанд, дар ҳаҷми якуним андозаи ҳадди ақали музди меҳнат як маротиба ҳавасманд карда мешаванд, ки аз моҳи августи соли 2025 1,9 миллион сӯм ($153) – ро ташкил медиҳад. Ин бо фармони дахлдори Президенти кишвар аз 19 сентябр пешбинӣ шудааст.
Омодагӣ барои барӯйихатгирӣ 15 декабри соли ҷорӣ оғоз меебад. Худи чорабинӣ дар давоми якуним моҳ — аз 15 январ то 28 феврали соли 2026 дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Он тақрибан 38 миллион нафарро фаро мегирад ва барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи таркиб, вазъи оилавӣ, намудҳои фаъолият ва манбаъҳои даромади аҳолӣ, инчунин сохтор ва ҳолати кишоварзӣ дар 26 миллион гектар замин равона мегардад.
17 рӯзи аввал ҷамъоварии маълумот тавассути интернет, дар давоми моҳи оянда бо усули атрофи хона ва манзил бо иштироки намояндагони “ҳафтгонаи маҳалла” амалӣ карда мешавад. Ба ҳамаи иштирокчиёни маърака барои кор планшетҳои махсус мешаванд.

Ӯзбекистон: Иштирокчиёни маъракаи ба рӯйихатгирии аҳолӣ ҳавасманд мешаванд
Блоки рекламавӣ


