22 апрели соли равон як гурӯҳ вакилони идораҳои давлатӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ таҳти раёсати раиси ҳукумати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва губернатори вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Омурбек Сувоналиев ба вилояти Фарғона ташриф меоранд.

Ин сафар ду рӯз давом хоҳад кард. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона иттилоъ дод. Ин манбаъ афзуд, ки ҳадаф аз ташрифи меҳмонон тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун мебошад.

Дар доираи сафар бо иштироки соҳибкорони вилоятҳои Суғд, Ботканд ва Фарғона дар мавзӯи “Ҳамгироии минтақаҳои наздимарзӣ – гарави ривоҷёбӣ” биннес-форум баргузор хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ду ҷамъомади пленарӣ баргузор мегарданд. Ҳамчунин мулоқотҳои соҳавӣ роҳандозӣ мешаванд. Инҳо мулоқотҳоеанд, ки тоҷирону соҳибкорони се вилоят бо ҳам гирди мизи гуфтугӯ менишинанд ва роҷеъ ба тавсеаи ҳамкориҳо табодули назар мекунанд.

Дар пайи он намояндагони идораҳои ҳукуматии се вилоят бо соҳибкорону кишоварзон мулоқот хоҳанд кард. Ҳамчунин дар ҷараёни ин ташриф мулоқоти вижаи роҳбарони се вилояти ҳамҷавор низ мадди назар гирифта шудааст.

Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона тазаккур дод, дар чаҳорчӯби ташриф ва бизнес-форум соҳибкорон ва кишоварзони тоҷик ва қирғиз бо маҳсулоти тавлидкардаи корхонаҳои саноатӣ ва субъектҳои кишоварзӣ  ошно хоҳанд шуд.

Зимнан ҳокимияти вилояти Фарғона барои меҳмонони ду кишвари ҳамҷавор чанд чорабинии дигарро низ барномарезӣ кардааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Фарғона

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь