Президенти Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 615 маҳбусро афв кардааст. Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ин маҳбусон “аз кардаи худ пушаймон шуда, дар роҳи ислоҳи худ буданд”.
Бар асоси фармони Президент Шавкат Мирзиёев, 220 маҳбус аз адои ҷазо пурра озод шуда, муҳлати ҳабси дигарон сабуктар шудааст.
Дар миёни афвшудагон 29 нафарашон зан, 23 кас шахсони аз 60 сола боло ва 264 тани дигар афроди аз 30 сола поён ҳастанд.
Блоки рекламавӣ



