Дар Ӯзбекистон барои нашр ва истифодаи дашному ҳақорат дар интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, дар шакли ҷарима ва ҳабс ҷазо таъин менамоянд.
Тарҳи қонун дар ин замина дар хониши аввал дар Олий Маҷлис (Парлумони Ӯзбекистон) қабул шуд. Дар ин бора рӯзи ҳафтуми феврал дар телеграм-канали парлумон хабар дода шудааст.
Вакилони маҷлиси Ӯзбекистон барои нашри алфози қабеҳ дар интернет ҷарима дар ҳаҷми 5 миллион сӯм ё 400 доллар ва ҳам ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати то 10 шабонарӯзро дуруст мешуморанд.
Вакилон мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ба риояи маданият ва одоби рафтор дар интернет одат кунонидани корбарон мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь