Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Владивосток ба мақомоти Руссия дар бораи лату кӯб ва таҳқири чанд ӯзбекистонӣ нотаи эътирозӣ фиристод. Дар ин бора консули генералии ҷумҳурии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов хабар дод.
Ҳамлаҳо ба шаҳрвандони Ӯзбекистон шаби 10 сентябр рух доданд. Тибқи маълумоти Кумитаи Тафтишотии Русия дар қаламрави Приморе, ин ҳуҷум аз ҷониби гурӯҳи наврасони маст анҷом дода шудаанд. Онҳо ба мошини таваққуфшуда осеб расонида, ба дохили он як зарфи газ пошиданд, сипас ба ронандаи мошин ҳамла кардаанд. Пас аз ин, наврасон ба мағозаи шабонарӯзии кӯчаи “Хабаровская” ворид шуданд ва дар он ҷо мардеро дар назди меҳмонон ва фурӯшанда латукӯб карданд. Дар идома онҳо ба ронандаи таксӣ ва мусофир ҳамла намуданд. Дар кӯча наврасон бо овози баланд фарёд мезаданд ва аз сангу чӯб ҳангоми лату кӯб истифода мебурданд. Дар сабтҳое, ки мушовири вазири экологияи Ӯзбекистон Расул Кушербоев нашр кардааст, дида мешавад, ки осебдидагон муҳоҷирон буданд. Ба гуфтаи Кушербоев, онҳо зодагони вилояти Бухорои Ӯзбекистон мебошанд.Дар аввали моҳи сентябр вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба Вазорати корҳои хориҷии Руссия нотаи расмиро дар бораи ҷанҷол дар шаҳри Химкии назди Маскав фиристода буд, ки дар он русе таксисти ӯзбекро таҳқир мекард. Он замон Вазорати корҳои хориҷӣ ёдовар шуда буд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон новобаста аз маҳалли будубошашон таҳти ҳимояи давлаташон қарор доранд ва дар сурати поймол шудани ҳуқуқу озодиҳояшон ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа муроҷиат бояд кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь