Ӯзбекистон бо чанд мошини боркаш ба мардуми Эрон кӯмаки башардӯстона фиристод. Бор маҳсулоти хӯрокворӣ орд, биринҷ, шакар, макарон, равғани офтобпараст, консерва, инчунин доруворӣ ва лавозимоти тиббиро дарбар мегирад. “Ҳукумати Ӯзбекистон тавассути Туркманистон ба мардуми Эрон кӯмаки башардӯстона расонид”, – хабар дод Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ.
Дар маросими қабули борҳои башардӯстона губернатори шаҳри Даргизи Эрон Муҷтабо Базмар, роҳбари намояндагии вазорати корҳои хориҷии Эрон дар вилояти Хуросон-Ризовӣ, мушовири вазир Алӣ Масумифар ва сафири Эрон дар Туркманистон Али Муҷтабо Рузбекхонӣ ҳузур доштанд. Аз ҷониби Ӯзбекистон Сафири ин кишвар дар Туркманистон Равшанбек Алимов ширкат кард.
Блоки рекламавӣ



