Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ муайян гардид, ки Идиев А.Ҳ. аз 20 июни соли 2023 то инҷониб дар вазифаи сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат кору фаъолият намуда, зимни фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро дар ҳолати зерин содир намудааст.
Идиев А.Ҳ. қасдан ва бо мақсади азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ бо роҳбари ҶДММ «Ясир Инкишоф» – Гадоева И.Н. сухан як намуда, давоми солҳои 2023 – 2024 барои гӯё ба корҳои ободонии ҷамъиятӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат дар якчанд ҳолат ба суратҳисоби ҷамъияти зикршуда ҷамъ маблағи 199900 сомонӣ гузаронида, ба воситаи Гадоева И.Н. онро нақдӣ кунонида гирифтанд.
Идиев А.Ҳ. ва Гадоева И.Н. маблағи зикршударо аз рӯи таъиноташ истифода набурда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳолати гӯё пардохт шудани 199900 сомониро ба шаҳрвандон барои ҷалб шуданашон ба корҳои ҷамъиятӣ вонамуд сохта, дар асл маблағи зикршударо бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф кардаанд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Идиев А.Ҳ. ва Гадоева Н.И. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо андешидани чораҳои мурофиавӣ зарари ошкоршуда пурра ба давлат барқарор карда шуд. Парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.
Дар ин бора маркази матбуотии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь