Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, роҳбари ҶДММ “Баҳодур Тиҷорат” ворид гардидааст, ки аз соли 2024 то соли 2025, марди 28-солаи сокини шаҳри Душнабе ҳамчун фурӯшанда кор ва фаъолият намуда, дар ин давра маҳсулотҳои ба ӯ вобасташударо азонихуд намуда, ба манфиати худ сарф кардааст.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-муҳосибӣ гумонбаршаванда ба корхонаи ҶДММ “Баҳодур Тиҷорат” ба маблағи 184 ҳазору 82 сомонӣ зарари махсусан калон расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



