Журналисти амрикоӣ Кэндис Оуэнс изҳор дошт, ки ният дорад барои ҳамсари Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, Бриҷит Макрон, ташхиси мустақили тиббиро талаб кунад, то ҷинси аслии ӯро муайян кунад. Дар ин бора нашрияи Daily Mail хабар додааст:”Амрико Фаронса нест, ки Бриҷит ва Эммануэл Макрон ҳар коре, ки мехоҳанд, кунанд. Ҷамъоварии далелҳо бо талаби суд ба Бриҷит имкон намедиҳад, ки онҳоро “таъмин” намояд. Мо Аз Бриҷит талаб мекунем, ки аз санҷиши тиббии мустақил гузарад. Мо мехоҳем ба корти тиббии вай дастрасӣ пайдо кунем” – гуфтааст Оуэнс ба Daily Mail.
Қаблан Макрон ва ҳамсараш алайҳи рӯзноманигори амрикоӣ Кэндис Оуэнс ба додгоҳи Иёлоти Делавэр (ИМА) бо даъвои тӯҳмат муроҷиат карда буданд, зеро изҳороти оммавии ӯ дар бораи гуиё Бонуи аввали Фаронса мард таваллуд шудааст, онҳоро ба ин муроҷиат водор кардааст. Дар ҳуҷҷатҳои судӣ Эммануэл Макрон таърихи шиносоӣ бо ҳамсари ояндаашро муфассал тасвир кардааст.
Қаблан, адвокати Макрон, – Том Клэр омодагии худро барои пешниҳоди аксҳо ва хулосаҳои илмӣ ба додгоҳи ИМА эълон карда буд, ки Бриҷит Макрон зан таваллуд шудааст. Бо вуҷуди ин, Оуэнс тавассути суд ният дорад, ки ба ташхиси мустақил исрор кунад.

Зани Макрон мард аст, ё зан?
Блоки рекламавӣ


