Мадина Ҳалимова, зане, ки худ ва чор фарзандашро ба дарё партофта буд, бист сол ба зиндон маҳкум шуд. Ҳукми Додгоҳи минтақаи Кӯлоб 9-уми октябр содир гардид. Хонаводаи Мадина Ҳалимова гуфтаанд, ки нияти шикоят бурдан аз болои қарори додгоҳро надоранд.
Сайфулло, падари Мадина Ҳалимова 13-уми октябр содир шудани ҳукмро тасдиқ кардааст, аммо нахостааст дар бораи қазия суҳбат кунад. Падари Ҳалимова танҳо гуфтааст, аз болои ҳукм шикоят намекунад. “Дигар чӣ шикоят мебарӣ, шикоят кардан фойида надорад”.
Шаби 29 ба 30-уми июн Мадина Ҳалимова, модари 27-солаи чор тифли хурдсол, ки хурдиаш семоҳа ва бузургаш 5-сола буд, чаҳор фарзанд ва худашро зоҳиран бо қасди худкушӣ ба рӯдхонаи Сурхоб андохт. Чор фарзандаш ғарқ шуда ҷон доданд, вале худаш зинда монд. Ҷасади се тифлашро пайдо кардаанд, аммо фарзанди чоруми ин зан пайдо нашуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь