Аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Ховалинг як нафар зани 40 солаи ноҳияи мазкур барои фурӯши дорувориҳои сахттаъсири психотропӣ дастгир шуд.
Гарчанде бе дорухат ва тавсияи духтур истеъмол ва фурӯши дорувориҳои сахттаъсири психотропӣ қатъиян манъ гардида бошад ҳам, вале баъзе аз шаҳрвандон бо мақсади кайфияти яклаҳзаина онро истеъмол ва баъзе аз тоҷирон барои ба даст овардани манфиати молиявӣ чунин дорувориҳоро ба фурӯш мегузоранд.
Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ховалинг кирдорҳои ҷинояткоронаи зодаи ноҳияи мазкурро ошкор намуданд. Шаҳрванд Мавҷудова Иқболбӣ Мақсудовна соли таваллудаш 1985, сокини маҳаллаи С. Вализода, ҷамоати шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг, ки дар гузашта доғи судӣ дорад ва пеш бо моддаҳои 206 қисми 1 ва қисми 3 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз ин ба худ хулосаи лозимӣ набароварда, такроран даст ба содир намудани ҷиноят задааст.
Муайян карда шуд, ки номбурда ба фурӯш ва паҳнсозии дорувории психотропӣ бо навиштаҷоти “Прегабалин” ба истилоҳ “Лирика” машғул будааст. Дар натиҷа зимни пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми фурӯши маводҳои психотропӣ дар нуқтаи фурӯши доруворияш воқеъ дар маҳаллаи Вализода дастгир карда шуд.
Зимни кофтуков аз номбурда дар умум 150-адад чунин маводи сахттаъсир дарёфту мусодира карда шуданд.
Нисбати ин ҳолат тафтишот идома дорад.



