28 январ, соати 04:32 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 488-уми самти шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва километри 39-уми самти шимолу ғарби ноҳияи Мурғоб қарор дошт.
Қувваи заминларза дар марказаш 3–4 балл, дар Мурғоб 3 баллро ташкил дода, дар Душанбе эҳсос нашуд.
Блоки рекламавӣ



