Шаби 2 ба 3-юми ноябр заминларзаи сахт Тоҷикистонро таккон дод.
Ба гузориши марказҳое, ки заминларзаро сабт мекунанд, зилзила соати 1:29-и 3-юми ноябр ба вақти Душанбе рух дод. Маркази заминшиносии Амрико навиштааст, маркази заминларза вилояти Балхи Афғонистон буд. Ларзиши замин дар Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Покистон ҳам сабт шудааст.
Баъзе сокинони шаҳри Душанбе аз тарси такрори заминларза нимашаб ба берун баромаданд. Сокинон мегӯянд, дар чанд соли ахир чунин заминларзаи сахтро надида буданд. Қувваи зилзила дар пойтахти Тоҷикистон ва ҳамчунин зарари он маълум нест.
Блоки рекламавӣ



