“Шумораи кушташудагон дар заминларзаи Афғонистон ба 8 нафар расид, қариб 200 нафар осеб диданд” – иттилоъ додааст хабаргузории Khaama press.
Қаблан хабаргузории Рейтер хабар дода буд, ки шумораи қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба ҳафт нафар расида, 150 нафари дигар захмӣ шудаанд.
“Ҳадди аққал ҳашт нафар кушта шуданд ва тақрибан 200 нафар аз заминларза осеб диданд” – гуфта мешавад як хабар дар саҳифаи портал дар шабакаи иҷтимоӣ. Қаблан маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар дода буд, ки дар қисмати марказии Афғонистон заминларзаи 6,3 дараҷаи магнитуда рух додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь