Заҳрон Мамдонӣ сиёсатмадори 34 солаи мусалмони Ҳизби демократ шаҳрдори Ню – Йорк, сераҳолитарин ва таъсиргузортарин шаҳри Амрико ва ҷаҳон шуд.
Ҳарчанд, ки Президенти Амрико Доналд Трамп аз пирӯзии Заҳрон Мамдонӣ ҳушдор дода, ӯро таҳдид карда буд. аммо Мамдонӣ дар интихобот пирӯз шуд.
Заҳрон Мамдонӣ дар як оилаи мусалмони шиъа таваллуд шуда ва дар ҳафтсолагӣ бо модари филмсоз ва падараш, ки устоди Донишгоҳ аз Ҷумҳурии Уганда буд ба Ню – Йорк муҳоҷират намудаанд. Ӯ мегӯяд, ки ба муҳоҷирон, ақалиятҳои мардумӣ пуштибонӣ мекунад ва адолати иҷтимоӣ ва иқтисодиро барои мардум таъмин менамояд. Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп гуфтааст, ки маблағгузориро аз буҷаи кишвар ба ин шаҳр кам хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь