Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Руссия гуфт, изҳороти Владимир Соловёв дар бораи барпо кардани амалиёти низомӣ дар хоки кишварҳои Осиёи Марказӣ “мавқеи расмии Маскав нест”.
Захарова дар шарҳи гуфтаҳои Соловёв изҳор дошт, ин фикри шахсии журналист аст, ки дар телевизиони ғайридавлатӣ садо додааст:
“Ин ибораҳоро таҳлилгарони сохта тавре пешниҳод карданд, ки гӯё мавқеи расмии Руссия бошад. Даст задан ба чунин дасткориҳо нодуруст аст”, – гуфтааст Захарова. Ба гуфтаи ӯ, сиёсати Маскав дар баробари кишварҳои пасошӯравӣ дар асоси эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ ва ҳамкорӣ шакл мегирад.
Барандаи телевизиони марказии Руссия Владимир Соловёв дар нашри як барномааш бо номи ҳамноми “Шоме бо Владимир Соловёв” ҳафтаи гузашта гуфт, баъди амалҳои ИМА дар Венесуэла, ки амалиёти боздошти Президент Николас Мадуроро анҷом дод, Руссия ҳам метавонад, айни чунин корро дар Арманистону Осиёи Марказӣ анҷом диҳад.
Ин изҳороти вай бо вокунишҳои тунде дар ин кишварҳо рӯбарӯ шуд.
Соловёв, аз ҷумла, гуфта буд: “Ба ҳуқуқи байналмилалӣ, ба тартиботи байналмилалӣ туф кардем. Модоме, ки баргузории амалиёти вижаи ҳарбӣ дар Украина зарур буд, чаро бо айни чунин андеша мо дар дигар минтақаҳои мавриди нуфузи худ амалиёти вижаи ҳарбиро шурӯъ накунем”.
Соловёв гуфт, Русия бояд аз амалҳои ИМА дар Венесуэла ибрат гирад, ки “бо зӯр Николас Мадуроро ғасб намуд”. Ӯ афзуд, барои Руссия “аз даст додани” Арманистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бадтар аз “аз даст додани” Венесуэла хоҳад буд.

Захарова: Изҳороти Соловёв мавқеи расмии Маскав нест!
Блоки рекламавӣ


