Намояндаи расмии Ввзорати корҳои хориҷии Руссия Мария Захарова, дар шарҳи суханони вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар бораи набудани ихтиёриён дар Иттиҳоди Аврупо барои ҷанг бо Русия барои ҳимояи Украина, изҳор дошт, ки “пештар бояд инро эътироф мекардед. Инҳо “кафолатҳои амниятӣ ” аз “ҳамбастагӣ” мебошанд. Пештар бояд иқрор мешудед, вақте Сикорский ва ҳамсараш украиниҳоро бо суханрониҳо дар бораи “роҳи ғарбӣ” фиреб медоданд” — навиштааст ӯ дар канали Telegram.
Пештар сарвазири Лаҳистон Доналд Туск пас аз мулоқоти роҳбарони кишварҳои “эътилофи хоҳишмандон” дар Париж изҳор дошта буд, ки Варшава ҳатто пас аз анҷоми амалиёти ҷангӣ ба Украина сарбоз намефиристад.
ВКХ – и Руссия изҳор дошта буд, ки ҳар гуна сенарияи ҷойгиркунии нерӯҳои НАТО дар Украина барои Руссия комилан ғайри қобили қабул аст. Изҳорот дар бораи имконияти ҷойгир кардани қувваҳои низомии давлатҳои узви НАТО дар Украина, ки дар Бритониё ва дигар кишварҳои Аврупо садо медоданд, қаблан дар ВКХ Руссия “идомаи амалиёти ҷангӣ” номида шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь