23 октябр дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Зафаробод бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Маркази хизматрасонии нав бо номи “Зарафшон” ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкор Зафар Авулов ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Пас аз ифтитоҳи марказ Раиси вилоят аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим туҳфаҳои идона тақдим намуд. Гуфта шуд, ки бо дастгирии мақомоти давлатӣ барои таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо мунтазам шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь