Сохтмони 590 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 91 фоизи иншоот бунёд гардидааст.
Зимни боздиди корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар маркази ноҳия маҷмааи хизматрасонии сеошёнаи муосирро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур бо ташаббус ва саҳми соҳибкори ватандӯст Ғайрат Султонов бунёд гардида, дорои шароити замонавӣ мебошад.
Дар ошёнаи аввали маҷмаа маркази савдо фаъолият оғоз карда, барои 8 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи дуюм бошад, тарабхона бо 80 ҷойи нишаст бо тарҳи муосир сохта шудааст, ки ба беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ дар маркази ноҳия мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, дар тарабхонаи мазкур бахшида ба оғози соли нави таҳсил аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 80 нафар ятимону хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим карда шуд.
Раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ таъкид намуд, ки истиқболи сазовори ҷашни Истиқлол бо иҷрои амалҳои созандаю бунёдкорона сурат гирифта, саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ин самт арзишманд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь