“Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод сохтмони 590 иншооти дорои таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз иҷрои ин нақша 91 фоизро ташкил медиҳад” – хабар додааст Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар ноҳияи Зафаробод маҷмааи хизматрасонии сеошёнаи тарабхонаи «Султон» мавриди истифода қарор гирифт. Дар тарабхона бахшида ба оғози соли нави таҳсил ба 80 нафар ятимону хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид.
Тарабхона бо ташаббус ва саҳми соҳибкор Ғайрат Султонов бунёд гардида, дорои шароити замонавӣ аст. Дар ошёнаи аввали маҷмааи маркази савдо барои 8 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид.
Дар ошёнаи дуюм тарабхона бо 80 ҷойи нишаст ва бо тарҳи муосир сохта шудааст, ки ба беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ дар маркази ноҳия мусоидат мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь