Имрӯз, 16 январ Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷараёни корҳои тозакунии иншооти обрасонӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Мастчоҳ шинос гардид.
Зимни боздид ӯ ба масъалаҳои пурра тоза намудани канали “Тоҷикистон”, таъмири насосҳои обкашӣ, зеристгоҳҳои барқӣ ва сари вақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нави обёрӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои анҷоми босифати корҳои таъмиру барқарорсозӣ, аз ҷумла дар пойгоҳи обкашии Дилварзин, ба масъулон дастуру маслиҳатҳои мушаххас дод.
Зафарбек Давлатзода таъкид кард, ки тозагии пурраи шабакаҳои обёрӣ ва омодагии пойгоҳҳои обкашӣ омили асосии таъмини обёрии саривақтии заминҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳосилнокӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад. Дар ҳамин замина, масъулон муваззаф гардиданд, ки корҳои тозакунии каналҳо, таъмири насосҳо ва санҷиши техникии таҷҳизоти обкашӣ дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом дода шуда, барои мавсими обёрии соли ҷорӣ омодагии пурра таъмин гардад.

Зафарбек Давлатзода дар Мастчоҳ
Блоки рекламавӣ


