Нерӯҳои низомии Покистон ва Афғонистон рӯзи сеюми март дар нуқтаҳои гуногуни сарҳади байни ду давлат ба якдигар дубора даргир шуданд. Пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба шаҳрҳои бузурги Афғонистон дар ҳафтаи гузашта, ду кишвар сахттарин даргириҳои худро дар солҳои охир оғоз кардаанд. Ин ҳолат нигарониҳоро дар мавриди як ҷанги тӯлонии дигар дар минтақа, ки бо ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба Эрон монанд мебошад, афзоиш дод.
Исломобод ҳафтаи гузашта бо мушак ба мавзеъҳои низомии “Толибон” дар Афғонистон ҳамла кард. Даъвои Покистон ин аст, ки “Толибон” ба дастаҳое паноҳ додааст, ки аз хоки Афғонистон ба Покистон ҳамла мекунанд. Ҳукумати “Толибон” кумакро ба ин гуруҳҳо рад мекунад.
Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон, рӯзи сеюми март эълон кард, ки ҳамлаҳои ҳавоии мувафақиятомезе ба пойгоҳи ҳавоии Багром дар шимоли Афғонистон сурат гирифт. Ин пойгоҳ дар 20 соли ҷанги Афғонистон ҳумчун маркази асосии фармондеҳии Амрико хидмат мекард.
Пулиси Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт, ҳамлаи Багром бо истифода аз падофандҳои зиддиҳавоӣ гардонда шуд. Як манбаи баландпояи Покистон гуфтааст, ҳамлаҳои ҳавоӣ то замоне идома хоҳанд кард, ки Афғонистон гурӯҳҳои террористиро беяроқ накунад.
Ин манбаъ гуфт, агар чунин чора андешида нашавад, Покистон метавонад роҳбарияти олии “Толибон”-ро ҳадаф қарор диҳад.
Вазорати дифои Афғонистон рӯзи сешанбе гуфт, ки нерӯҳои “Толибон” як посгоҳи низомии Покистонро дар минтақаи Қандаҳор забт кардаанд. Вазорати иттилооти Покистон аз даргирӣ дар беш аз 20 макон хабар дод.
Манобеи амниятии Покистон гуфтаанд, онҳо як анбори силоҳ дар Ҷалолобод ва як пойгоҳи низомиро дар вилояти Нангарҳор хароб кардаанд. Ҳарду кишвар бидуни пешниҳоди далеле гуфтаанд, ба якдигар осеби бузург расонидаанд.
Ҳайати кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки бар асоси омори ибтидоӣ аз 26-уми феврал то 2-юми март дар “тирандозии ғайримустақим дар даргириҳои наздисарҳадӣ” 42 сокини осоишта кушта ва 104 нафар захмӣ гардидаанд.
*”Толибон” – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон

Задухӯрди нерӯҳои Покистон ва “Толибон”*
Блоки рекламавӣ


