23-юми июл дар марзи байни Таиланд ва Камбоҷа задухӯрд ба амал омад, хабар медихад агентии Рейтер.

Хукуматдорони музофоти Сурини Таиланд гуфтанд, ки артиллерияи Камбоҷа як деҳаро тирборон карда, ду сокини осоиштаро куштааст. Артиши Таиланд ҳамчунин хабар додааст, ки ду сарбозаш захмӣ шудаанд. Дар айни замон намояндаи вазорати мудофиаи Камбоҷа Таиландро ба «таҷовузи беасос» айбдор карда, таъкид кард, ки неруҳои Камбоҷа барои мудофиаи худ оташ кушоданд.

Ба гуфтаи хар ду тараф, вазъият баъд аз он ки як ҳавопаймои қиркунандаи F-16-и қуввахои ҳарбии ҳавоии Таиланд ба хоки Камбоҷа хучум кард, хеле тезу тунд шуд. Артиши Таиланд гуфт, ки ҳамла ба як ҳадафи низомӣ буд, дар ҳоле ки Камбоҷа гуфтааст, ду бомб ба як роҳ партофта шудааст

Вазъият дар ин минтақаи марзӣ аз моҳи май, вақте як сарбози Камбоҷа дар тирандозии кӯтоҳ кушта шуд, авҷ гирифт. Ҳафтаи равон Таиланд Камбоҷаро дар гузоштани минаҳо дар минтақаи баҳсбарангез муттаҳам ва се сарбозро маҷруҳ кард. Камбоҷа ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, ки нерӯҳои Таиланд масирҳои мувофиқашударо тарк кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь