Варзишгарони вилояти Хатлон соли гузашта аз мусобиқа ва чемпионати ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 3 ҳазору 706 медал ба даст овардаанд, ки аз он 1264 медали тилло мебошад.
Рамазони Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба “Фараҳ” гуфтааст, ки варзишгарони вилоят соли 2025 дар 162 мусобиқа ва чемпионати ҷумҳуриявӣ, 35 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, 1264 медали тилло, 1115 медали нуқра, 1327 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 3706 медал ба даст овардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 41 медал зиёд аст.
Ӯ гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 4193 иншооти варзишӣ, аз ин шумора 42 адад варзишгоҳ, 3261 майдончаи варзишӣ, 593 толорҳои варзишӣ, 40 адад ҳавзҳои шиноварӣ, 14 адад маҷмааи варзишӣ ва 246 иншооти махсуси варзишӣ (тир, боулинг, фитнес ва ғайра) фаъолият менамоянд.
Имрӯз дар вилоят МД “Мактаби маҳорати олии варзишӣ”, “Мактаби махсуси варзишии вилоят ба номи С.Раҳимов”, 4 мактабҳои варзишии вилоятӣ ва 33 Мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо 740 нафар мураббиён фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур аз рўи 34 намуди варзиш 18950 нафар варзишгарон, аз он ҷумла 2894 нафар бонувон дар 1475 гурӯҳи машқӣ ҳамарўза ба машғулиятҳои варзишӣ фаро гирифта мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь