“Давлатҳои араб бо сарварии Арабистони Саудӣ аз мақомоти ИМА хоҳиш карданд, ки аз зарба задан ба Теҳрон худдорӣ кунанд” хабар дод рӯзномаи The Wall Street Journal рӯзи 13 январ бо истинод ба мансабдорони кишварҳои Халиҷи Форс.
Кишварҳо пас аз он ки ИМА ҳушдор дод, ки онҳо бояд барои зарба задан ба Эрон омода бошанд, ба Вашингтон чунин посух додаанд.
“Намояндагони Арабистони Саудӣ, Умон ва Қатар ба Кохи Сафед гуфтанд, ки кӯшиши сарнагун кардани режими Эрон бозорҳои нафтро ба ларза меорад ва дар ниҳоят ба иқтисоди ИМА зарар мерасонад” – менависад WSJ. Кишварҳо метарсанд, ки зарбаҳо ба Эрон метавонад ҳаракати танкерҳои нафтро тавассути Ағбаи Ормуз халалдор кунад.
Ба гуфтаи манбаъҳои нашрия, намояндагони Арабистони Саудӣ ба Теҳрони расмӣ итминон додаанд, ки дар муноқишаи эҳтимолӣ ширкат нахоҳанд кард ва ба Иёлоти Муттаҳида иҷозат намедиҳанд, ки фазои ҳавоии худро барои ҳамла истифода барад..

WSJ: Арабистони Саудӣ, Уммон, Қатар аз ИМА даъват карданд, КИ аз зарба ба Эрон даст кашад
Блоки рекламавӣ


