“Вымпелком “дар конфронси MWC25 Shanghai бо ширкатҳои Муғулистон ва Чин дар бораи хатти пайвастшавии сарҳадӣ дар округи федералии Шарқи Дур созишнома имзо намуд” – гуфтааст муовини президенти ширкат оид ба тиҷорати операторӣ Сергей Быков. Ҷаноби Быков то ба итмом расидани хатт аз ифшои номи ширкатҳо худдорӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин пайвастшавӣ роҳи нави алоқаи байни Чин ва Аврупоро ба вуҷуд меорад, ки аз қаламрави Русия ва Муғулистон мегузарад.
Вай мегӯяд, ки хароҷот дар семоҳаи чоруми соли 2025 ба нақша гирифта шудааст ва дар марҳилаи аввал иқтидори канали 200 Гбит/с бо “имкони миқёси оперативии иқтидор барои эҳтиёҷоти нав”амалӣ карда мешавад. “Хароҷоти асосии ширкат барои лоиҳа дар соли 2025 тақрибан 100 миллион рублро ташкил медиҳад” – илова кард ҷаноби Буков.
Тибқи маълумоти Comnews то соли 2024, Руссия чор роҳи алоқа бо Муғулистон дорад, ки шабакаҳои “Мегафон”, “Ростелеком”, “Транстелеком” ва “ЭР-Телеком” – ро бо инфрасохтори операторони алоқаи маҳаллӣ мепайвандад. Дар соли 2020, “Ростелеком” сохтмони ВОЛС TEA Next-ро оғоз намуд, ки бояд марзҳои ғарбӣ ва шарқии Русияро бо пайвастшавӣ ба шаҳрҳои калонтарини кишвар, инчунин марзҳо бо Муғулистон ва Чин пайваст созад. Дар назар аст, ки хатти алоқа ба кишварҳои Аврупо мерасад. Пештар, ” Ъ ” хабар дода буд, ки “Алфа-банк” 49,99% Ҷдмм “Атлас” – ро, оператори лоиҳаи сохтмони Tea Next (ниг. “Ъ” аз 10 сентябри соли 2024) гирифтаанд.

“Вымпелком” бо 100 миллион рубл бо Муғулистон хатти нави алоқа бунёд карданист
Блоки рекламавӣ


