Аз 1 то 3 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2026» оид ба ҷудо баргузор мешавад. Мусобиқа дар доираи силсилаи ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, яке аз бонуфузтарин чорабиниҳои варзишии ҷаҳон дар ин намуди варзиш ҳисоб меёбад. Ин мусобиқа чанд маротиба аст, ки беҳтарин ҷудочиёни ҷаҳонро дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷамъ мекунад.
Варзишгарон барои ба даст овардани холҳои муҳими раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо рақобат менамоянд, зеро ин холҳо барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ ба назар гирифта мешаванд.
Мусобиқа аз рӯи 14 вазн — 7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон баргузор мешавад. Ғолибон ва ҷоизадорони ҳар вазн бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд.

«Вushanbe grand slam 2026 кай доир мешавад?
Блоки рекламавӣ


